Мушкилиҳо бо сӯзишворӣ, ки ба онҳо интиқолдиҳандагони ҳавопаймоӣ зимни марҳалаи фаъолтарини саёҳат тавассути ҳавопаймои хусусӣ дучор шуда метавонанд, дар норасогии сӯзишворӣ, андармоншавии андохтани сӯзишворӣ (махсусан, дар давраи ниҳоятан серкор будани фурудгоҳ), нархгузории ноустувор, душвориҳо бо пардохткунӣ ва миқдори номуайяни боҷҳо, ки бо маълумоти нодуруст дар борхат ё умуман вуҷуд надоштани он вобаста мебошад, ифода меёбанд.
Дар аксарият ҳолатҳо, бо шарти банақшагирии дуруст ва санҷиши ҷиддии борхатҳо, пеш аз имзо кардани ҳуҷҷатҳо, чунин мушкилиҳоро пешгирӣ кардан мумкин. Агар ягон вайронӣ ё нуқсон ба вуҷуд оянд, ба провайдери берунии хизматрасониҳо ё оператори маҳалии хизматрасонии рӯизаминӣ муроҷиат намоед – мутахассисони мазкур ҷиҳати пайдо кардани роҳи ҳали масъала кӯмак мерасонанд.
1. Истифода бурдани корти сӯзишворӣ, нисбат ба пардохт тариқи корти кредитӣ ё ба таври нақдӣ, одатан авлотар мебошад
Корти сӯзишворӣ тибқи шартнома (ҳамчунин, чун китобчаи сӯзишворӣ ё корти сӯзишвории авиатсионӣ номида мешавад) ҷиҳати гирифтани сӯзишворӣ бо нархи имтиёзнок авлотар маҳсуб меёбад. Дар баъзе ҷойҳо сӯзишвории шартномавӣ аз рӯи корти сӯзишворӣ дастрас намебошад ва агар кредит мутобиқи огоҳкунии пешакӣ ташкил гардида набуд аз интиқолдиҳандаи ҳавопаймоӣ ё соҳибмулки ҳавопаймои хусусӣ хоҳиш карда метавонанд, ки сӯзишворӣ тавассути корти стандартии кредитӣ пардохт карда шавад. Дар фурудгоҳҳои алоҳидаи минтақаҳои дурдаст барои пардохт пули нақдиро низ қабул карда метавонанд. Агар корти сӯзишворӣ ё корти кредитӣ қабул карда нашаванд, шумо метавонед бо таҳвилкунандаи берунӣ ё оператори хизматрасониҳои рӯизаминӣ доир ба тамдид додани кредит ба созиш дароед. Дар ҳар ҳолат шуморо зарур аст, ки пешакӣ маслиҳат кунед.
2. Доимо доир ба андохтани сӯзишворӣ нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро бо худ нигоҳ доред
Доир ба андохтани сӯзишворӣ нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро дар канори ҳавопаймоӣ хусусии хеш нигоҳ доред. Мавҷуд будани ҳуҷҷати мазкур кафолат медиҳад, ки аъзоёни экипаж дар бораи таҳвилкунандае, ки киштии ҳавоиро бо сӯзишворӣ бояд таъмин кунад, маълумот дошта метавонанд. Боз як афзалият он аст, ки агар таҳвилкунанда ё сӯзишвориандоз нусхаҳои худро гум кунанд, шумо ҳама вақт ҳуҷҷати зикршударо пешниҳод карда метавонед. Лекин, шумо бояд дониста бошед, ки на ҳама таҳвилкунандагон аз дасти интиқолкунандаи ҳавопаймоӣ нусхаи ҳуҷҷатро мегиранд, ба бадали ин авлотар мешуморанд, ки онро бевосита аз дасти провайдери сӯзишвории шартномавӣ бигиранд, аз ин лиҳоз барои шумо беҳтар аст, ки далели аз ҷониби таҳвилкунанда пешакӣ ирсол гардидани релизи мазкур тасдиқ карда шавад.
3. Ҷиҳати сабук намудани душвориҳои эҳтимолӣ зимни андохтани сӯзишворӣ чораандешӣ намоед
Баъзе душвориҳо, ки ба онҳо шумо зимни кӯшиши андохтани сӯзишворӣ эҳтимолан дучор шуда метавонед, аз норасогии сӯзишворӣ, сифати пасти он, корпартоии сӯзишвориандозон ё андармоншавии андохтани сӯзишворӣ бо сабаби шумораи калони ҳавопаймоҳои хусусӣ, ки ба сӯзишворӣ низ эҳтиёҷ доранд ифода мебошанд. Роҳи беҳтарини пешгирии хатарҳо – ин аз таҳлилкунандаи сӯзишворӣ гирифтани маълумоти нав дар бораи вазъият дар ҷои муқарраршудаи навбатӣ. Ғайр аз ин, шумо аз провайдери берунӣ, оператори хизматрасониҳои рӯизаминӣ ё таҳвилкунандаи сӯзишворӣ пурсида метавонед, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ягон мушкилӣ, ба мисли корпартоии кормандон ё норасогии сӯзишворӣ, доир ба ин масъала бо шумо алоқа кунанд. Дигар мушкилие, ки пайдо шудани он аз эҳтимол дур нест, – ин додани иҷозат ба таҳвилкунандаи муқарраркарданашуда мебошад, то ки он ба ҳавопаймоии шумо сӯзишворӣ андозад, вале чунин ҳолат ба такроран пардохт кардани нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳ оварда расонда метавонад. Бо мақсади пешгирии чунин воқеъа, тавсия дода мешавад, ки пеш аз андохтани сӯзишворӣ, мутобиқати номи таҳвилкунанда ба номе, ки дар борхат нишон дода шудааст, санҷида шавад.
4. Миқдори андозҳоеро, ки барои харидани сӯзишворӣ шуморо зарур аст пардохт намоед, муайян кунед
Як қатор боҷҳои умумие, ки нисбат ба андохтани сӯзишворӣ ба ҳавопаймо метавонанд татбиқ карда шаванд, андози арзиши илова (ААИ), андози сӯзишвории минералӣ, андози ҷамъшудаи фурӯшҳо, андози молҳо ва хизматрасониҳо, Боҷи федералии аксизӣ (ИМА), андози аксизии канадавӣ (Канада), боҷи фурудгоҳҳо, андоз барои партовҳои карбон, андоз аз фурӯшҳо, боҷи навигатсионӣ барои парвоз ва фурудоӣ ва ҳ.-ро дарбар мегирад. Кадом намудҳои андоз татбиқ карда мешаванд аз кишвари харидани сӯзишворӣ вобастагӣ дорад ва аксарияти андозҳои мазкур вобаста аз намуди рейс ва вуҷуди қайди киштии ҳавопаймоӣ дар мақомоти андози кишваре, ки дар он ҷо сӯзишворӣ андохта мешавад, тағӣир шуда метавонанд.
5. Донед, кадом ҳуҷҷатҳоро шуморо зарур аст бо худ дошта бошед, то ки аз андозҳо барои сӯзишвории ҳавопаймоӣ халос шавед
Интиқолкунандагони ҳавопаймоии чартерӣ (тиҷоратии ғайримунтазамӣ) бо худ нусхаҳои иҷозатномаи истифодабаранда (сертификат) ё иҷозатномаи интиқолкунандаи ҳавопаймоиро бояд дошта бошанд. Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои мазкурро ба шумо зарур аст, ки дар фурудгоҳҳои он кишварҳое, ки дар он ҷо сӯзишворӣ андохта шуда буд, бимонед, то ки аз андозҳо ба сӯзишворӣ озод карда шавед. Пеш аз андохтани сӯзишворӣ нусхаҳои сертификатҳоро ба сӯзишвориандоз нишон диҳед ва бисанҷед, ки ба корти сӯзишворӣ маълумоти мазкур дароварда шавад. Баъд аз имзо кардани корти сӯзишворӣ нисбати хароҷотҳо овардани эътироз хеле мушкил мешавад. Интиқолдиҳандагони хусусии ғайритиҷоратӣ дар баъзе кишварҳо аз ААИ озод шуда метавонанд, агар онҳо парвози тиҷоратиро (на бо мақсади истироҳат) иҷро мекунанд ва далели татбиқ намудани андоз аз нуқтаи муқарраршудаи навбатӣ вобаста мешавад. Бинобарин, агар шумо дар канори ҳавопаймои хусусӣ ба сафари хидматӣ парвоз мекунед, пешкаш кардани идентификатори андоз ҷиҳати озод шудан аз ААИ кӯмак расонда метавонад. Пеш аз имзо кардани чиптаи сӯзишворӣ бисанҷед, ки ААИ аз нархи сӯзишворӣ тарҳ карда шудааст (агар озод шудан аз он имконпазир аст) ва ҳатман таъмин кунед, ки дар қисмати марбута ишораҳои бофаҳми дуруст гузошта шаванд (масъалан, тиҷорати хусусӣ ё истироҳати шахсӣ). Баъд аз имзо кардани чиптаи сӯзишворӣ овардани эътироз нисбати хароҷотҳо ҳамчунин душвор мегардад.
Хулоса
Одатан, зимни парвозҳои байналмилалӣ мушкилиҳоеро, ки бо сӯзишвории авиатсионӣ вобаста мебошанд, пешгирӣ кардан мумкин. Пешакӣ бо таҳвилкунандагони сӯзишвории авиатсионӣ ва операторони маҳалии хизматрасониҳои рӯизаминӣ ба алоқа бароед,то ки ҳамаи нюансҳои ҷараёни дарпешистодаро муҳокима карда тавонед. Дар ҷояш қарор дошта, то ба андохтани сӯзишворӣ, доир ба андозбандии он имтиёзҳои татбиқшавандаро тасдиқ намоед. Ғайр аз он, чиптаҳои сӯзишвориро доимо бо диққати махсус бихонед, то ки дуруст будани маълумотро санҷида тавонед ва танҳо пас аз ин ҳуҷҷатро имзо кунед. Дар акси ҳол пешгирӣ намудани хароҷотҳои иловагӣ бисёр душвор ва имконнопазир хоҳад шуд.
Шошина Олга
VK
Facebook
Google+
LinkedIn
Odnoklassniki