Back to Top



Авиатсияи тиҷоратӣ – ин тибқи фармоиши индивидуалӣ пешкаш намудани ҷетҳои тиҷоратӣ, ҳавопаймоҳои махсусе, ки аз мусофиркашонии мунтазамӣ озод мебошанд, дар хатсайри муайян ба ҳисоб меравад. Ҷети тиҷоратӣ – ин намуди беҳтарини нақлиёт барои шахсони тиҷораткор, соҳибкорони калон ва топ-менеҷерони сатҳи олӣ, ки вақти хешро қадр мекунанд ва аз ҷадвали рейсҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ мутеъ шуданро хоҳиш надоранд, маҳсуб меёбад. Бо кӯмаки авиатсияи хусусӣ аз ширкати «Кофранс» дар як рӯз таъин намудани вохӯриҳо, гузаронидани мулоқотҳо ва бастани шартномаҳои муҳим дар шаҳрҳо ва, ҳатто, кишварҳои гуногун имконпазир мегардад.

Хусусиятҳо ва намудҳои ҷетҳои тиҷоратӣБизнес и деловая авиация в Ницце

Одатан ширкатҳои авиатсияи тиҷоратӣ доир ба пешниҳоди ҳавопаймоҳо ва чархболҳо барои рейсҳои чартерӣ дар шаклҳои гуногун: аз иҷораи киштии ҳавопаймоӣ то ба фурӯши он, хизматрасонӣ мекунанд. Дар зимни ин ҳавопаймоҳои навъҳои гуногуне, ки ба талаботҳои қатъитарини бехатарӣ ҷавобгӯ мебошанд, мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Дар байни онҳо:
  • киштиҳои ҳавопаймоии сабук бо ғунҷоиш аз 5 то ба 6 нафар мусофирон, бо дарознокии парвоз то ба 2500 км ва суръати ҳаракат баробар ба 600 – 700 км/соат (Phenom 100E, Premier IA ё Citation Mustang);
  • ҳавопаймоҳои миёна, ки қобилияти иҷро кардани парвози бефурудоӣ ба масофати то ба 5700 км бо суръати ҳаракати мӯътадили 850 км/соат доранд (Citation XLS+, G150 ё Legacy 450);
  • киштиҳои миёнамагистралӣ ба мисли Challenger 300 ё G280;
  • ҳавопаймоҳои калон бо суръати баланди ҳаракати мӯътадил, ба мисли навъи Falcon 2000 LXS, G450 ва Challenger 605;
  • киштиҳои ҳавопаймоии дарозмагистралӣ, ки қобилияти парвозро ба масофати 11 ҳазор километр бидуни таъмини сӯзишворӣ доранд (Falcon 7X ё Global 6000);
  • киштиҳои тиҷоратии ширкатҳои Airbus S.A.S ё Boeing.
 Хусусияти ҳар ҷетҳои тиҷоратӣ ин аз нав ҷиҳозотонидани нишеман барои ғунҷоиш аз 6 то ба 20 нафар мусофирон ва барпо додани бароҳатии ниҳоӣ, минҷумла, ҷорӣ намудани воситаҳои гуногуни электронӣ, ки кор карданро дар канор зимни парвоз имконият медиҳанд, мебошад. Чунин тадбир дар алоқаи доимӣ қарор доштанро мусоидат мекунад, ки ин барои роҳбарони тиҷорати калон хеле муҳим мебошад.

Афзалиятҳои авиатсияи тиҷоратӣ

 Бизнес и деловая авиация в НиццеИстифода бурдани воситаҳои нақлиётии авиатсияи тиҷоратӣ барои соҳибмулкон ва менеҷерони ширкатҳои калон, ки онҳо сарфаи босамараи вақтро нисбат ба нархи парвоз авлотар мешуморанд, ҷиддан фоидаовару манфиатдор ба ҳисоб меравад. Одатан амали мазкур гарон мебошад, аммо саривақт бастани созишҳо ва бо шарикон таъҷилан гузаронидани музокироти таъхирнопазир аз он хеле муҳимтар буда, нисбат ба иҷораи ҳавопаймо фоидаи ҷиддан зиёдтарро ба даст хоҳад овард. Афзалиятҳои асосии авиатсияи тиҷоратӣ:
  • сарфаи назарраси вақт аз ҳисоби иҷро кардани парвозҳои бевоситаи бебурофуроӣ бо фурудоӣ дар ҳар фурудгоҳи минтақавӣ, ки дар он ҷо рейсҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ пешбинӣ карда нашудаанд;
  • истиснои талафоти вақт барои интизоршавии рейс дар фурудгоҳи парвоз, бақайдгирӣ ва назорати борҳо;
  • махсусият ва озодии ҳаракат дар дохили канор ҷиҳати гузаронидани парвоз дар баробари идораи тиҷорат, гузаронидани музокироти корӣ ё машваратҳо, имконият медиҳад;
  • мустақилии пурра аз интиқолдиҳандагони мунтазамӣ;
  • фасеҳии амалкунии парвоз, имконияти ба таври индивидуалӣ ба нақша гирифтани он ва дар вучуди зарурият фавран тағӣир додани самти парвоз.
Ҳамаи инҳо ҷиҳати боз ҳам босамара тақсим кардани вақт ва чӣ қадар бошад корҳои зиёдро ба анҷом расонидан, бидуни андармонии беасосе, ки сабаби талафоти фоида шуда метавонанд, кӯмак мерасонанд.

Фурӯш ё иҷораи ҳавопаймои авиатсияи тиҷоратӣ аз Cofrance SARL

Бизнес и деловая авиация в НиццеДар таҷрибаи ширкатҳои авиатсияи тиҷоратӣ тарзҳои гуногуни пешниҳоди ҷети тиҷоратӣ барои парвозҳое, ки бо бурдани тиҷорат вобастагӣ доранд, пешбинӣ карда шудаанд:
  • рейси чартерӣ, яъне пешниҳоди ҳавопаймо бо экипаж ва ҳайати хизматкунанда барои вақти муқаррар кардашуда;
  • соҳибмулкии қисмавие, ки аз ҷониби мусофир харидани қисми вақти парвозӣ ва, дар баробари ин, имконияти дар ҳар лаҳза истифода бурдани ҷетро дар назар дорад;
  • ба сифати моликият фурӯши киштии ҳавопаймоӣ.
Ширкати Cofrance SARL (Нитса, Фаронса) ба шахсони давлатманд, соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои калон, доир ба иҷора ё фурӯши ҳавопаймоҳои авиатсияи тиҷоратӣ шартҳои фоидабахши ҳамкориро пешниҳод менамояд. Дар зимни ин ҳар як мизоҷ зеринро соҳиб мегардад:
  • шартҳои эксклюзивии бароҳати он сервисе, ки ба статуси баланди ӯ мутобиқ мебошад;
  • маҳфиятнокии парвоз ва шартҳои баланд кардашудаи бехатарӣ;
  • дастрасии индивидуалӣ ба терминал;
  • ҷадвали хоси парвозҳо;
  • дастрас будани ҳамаи фурудгоҳҳо.
Ба ҳар як мусофир менеҷери шахсӣ хизматрасонӣ мекунад, ки бо ӯ алоқаро ба таври шабонарӯзӣ доштан лозим. Ҳавопаймо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин пас аз тартиб додани фармоиш омода карда мешавад.