Зимистон ногузир аст, бинобар ин ноустуворӣ ва ногаҳонии табиатро зиёд интизор намешавем. Роҳ надиҳед, ки аз сабаби барфзании ночиз, идҳо ва вохӯриҳои тиҷоратӣ бидуни иштироки шумо баргузор гарданд. Дар ин ҷода, як қатор чораҳои пешгирӣ мавҷуданд, ки онҳоро шумо, ҷиҳати ҳимояи худ аз ташвишкашӣ ва дилмонӣ, ки бо андармонии рейс дар давраи зимистон алоқаманданд, андешида метавонед. Ана ҳамин рӯйхатро иборат аз панҷ маслиҳате, ки, новобаста аз ниятҳои модар табиат, то ба ҷои таъиншуда саривақт ҳозир шуданро имконият медиҳанд, манзури шумо пешкаш менамоем.1. Фурудгоҳи беҳтаринро интихоб намоедВоқеъан: баъзе фурудгоҳҳо нисбат ба дигарҳояшон дар шароити обу ҳавои зимистон аз ӯҳдаи кор хеле хубтар мебароянд. Вазоратҳои нақлиёти аксаран кишварҳои ҷаҳон шумораи мавқуфгузорӣ ва бекоркунии рейсҳоро дар ҳар фурудгоҳи калон ба қайд мегиранд. Агар дар шаҳри парвоз ё фурудоии шумо як чанд бандарҳои ҳавопаймоӣ кору фаъолият дошта бошанд, сомонаҳои онҳоро ташриф оваред, тақризҳоро бихонед ва пас фурудоҳро аз рӯи рейтинги беҳтарини истифодабарандагон интихоб намоед.2.Парвозро ба субҳи барвақт ба нақша гиредДар баробари он, ки сафар ба фурудгоҳ дар соатҳои субҳи барвақт пиёлаи калони бариловаи қаҳваро талаб карда метавонад, ҳамчунин ин амал маънои фарқиятро байни андармонии ҷиддӣ ва парвози саривақтӣ дошта метавонад. Дар давраи зимистон андармонии рейсҳо амалан ногузиранд ва, бинобар ин, муддати рӯз шумораи ҳавопаймоҳое, ки парвози онҳо мавқуф гузошта шудааст, ҷамъ мешавад. Бо мақсади афзоиш додани умеди парвози саривақтӣ, онро ба вақти на дер аз соати 10:00 ба нақша гиред. Ва агар, ба ин нигоҳ накарда, рейс мавқуф гузошта ё ба вақти дигар гузаронида шуда бошад ҳам, шумо ба ҳар ҳол, нисбат ба вақти парвози бегоҳии бевақтӣ, соҳиби вариантҳои зиёдтар хоҳед шуд.3.Рост ба ҷои таъиншуда парвоз кунедҲар як рейси васлӣ – ин барои обу ҳавои зимистон имконияти хуби вайронкунии нақшаҳои шумо мебошад. Вақте, ки ин имконпазир аст, рост ба ҷои таъиншуда парвоз кунед, то ки умеди саривақт ба он ҷо ҳозир шуданро ниҳоятан баланд гардонед. Албаттта, вақте, ки шумо дар канори рейси мунтазамии ширкати ҳавопаймоии тиҷоратӣ парвоз карда истодаед, ислоҳ кардани хатсайр ғайриимкон мебошад, аммо, агар шумо тавассути ҳавопаймои хусусӣ парвоз кунед, ҳамаш дигар мешавад ва тағӣир ёфта метавонад. Дар ин сурат, сарнишин хатсайрро тариқи маҳруки аз ҳама қулай таҳия карда метавонад.4.Агар шумо бо вуҷуди ин, дар фурудгоҳ андармон шуда монда бошед, аз пешниҳодҳои таъҷилӣ доир ба иҷораи ҳавопаймои хусусӣ истифода баред.Агар бекоркунии рейс шуморо ба тавшиш даровардааст, ин он маъноеро надорад, ки хатари дермонӣ ба вуҷуд омадааст – шумо ҳоло то ба ҷои истироҳат ё гузаронидани мулоқоти тиҷоратӣ саривақт ҳозир шуданро имконият доред. Албатта, дар шароити ниҳоии обу ҳаво парвози ҳавопаймои хусусӣ низ бекор карда шуда метавонад, аммо, нисбат ба киштиҳои тиҷоратии рейсҳои мунтазамӣ, барои парвоз ба ҷетҳои тиҷоратӣ бисёртар иҷозат медиҳанд.Ин ҳолат аз он сабаб ба вуҷуд меояд, ки ҳавопаймоҳои хусусӣ, нисбат ба киштиҳои калони ҳавопаймоии хатсайрҳои ҳавопаймоии тиҷоратии мунтазамӣ, дар шумораи зиёдтари фурудгоҳҳо ба замин фаромада метавонанд. Дар сурати ногувор гаштани вазъи обу ҳаво, сарнишинони ҷетҳо фурудгоҳҳои омадро иваз намуда, онеро интихоб карда метавонанд, ки ба туфони ҳавоӣ дучор нашудааст. Зиёда аз ин, фурудгоҳҳои хурд ҷиҳати тозакунӣ ё бартарафгардонии яхшавии фарш хубтар таҷҳизотонида шудаанд, зеро дар ин ҷо хатҳои парвозу фурудоӣ, нисбат ба фурудгоҳҳои калон, назаррас кӯтоҳтор мебошанд. Агар шумо зимни туфон дар бандари ҳавопаймоӣ ҳузур дошта бошед, бо коршиносони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) ба алоқа бароед, то ки имконияти ба иҷора гирифтани ҳавопаймои хусусиро аз фурудгоҳи наздиктарин муайян кунед.5.Ҳавопаймои хусусиро пешакӣ брон кунедРоҳи оптималӣ ҷиҳати пешгирии даводави бандарҳои ҳавопаймоии калон ва мавқуфгузории рейс – ин пешакӣ ба иҷора гирифтани ҳавопаймои хусусӣ маҳсуб меёбад. Агар шумо пешакӣ донед, ки қисми асосии парвозҳоятон ба фасли зимистон рост меоянд ва, дар зимни ин, шумо имконият надоред, ки саёҳатро мавқуф гузоред ё ба вақти дигар гузаронед, пас варианти иҷораи ҷетро дида бароед. Ин қадами беҳтарине аст, ки онро шумо ҷиҳати ҳозиршавии саривақтӣ андешида метавонед. Дар ин зимистон ба модар-табиат вайрон кардани нақшаҳои хешро рухсат надиҳед. Ба коршиносони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV)иҷозат диҳед, ки, новобаста аз ҷои қарордориатон, парвози хусусиро ташкил намоянд.Олга Шошина