Санҷишҳои ҷиддӣ
Операторон ва провайдерҳои хизматрасониҳои авиатсияи тиҷоратӣ бояд қайди марбута ва литсензияро дошта бошанд, ки онҳо чорандеширо доир ба тадбирҳои бехатарӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ташкилотҳое ба мисли Argus International аудити мустақилонаи барномаҳои қабулгардидаи бехатариро мегузаронанд, дар баробари ин, барномаи баҳогузорӣ ва аттестатсияи чартерҳо, тибқи таҷрибаи ҷории масъалаҳои бехатарӣ, операторонро аз рӯи аҳамиятдориашон тақсим менамояд. Нишондодҳо ва тартиби баҳогузории авиатсияи хусусӣ хеле қатъӣ буда, назорати ниҳоии ҷиддиро таъъмин менамоянд. Пешгӯӣ кардан бомантиқ аст, ки операторе, ки худро аз тарафи мусбӣ нишон додааст, қоидаҳои аз ҳама қатъӣ ва стандартҳои аз ҳама баланди бехатариро риоя мекунад.Санҷиши экипаж
Ҳар мушкилиҳои эҳтимолӣ дар самти бехатарӣ мавриди муоинаи ҷиддӣ қарор мегиранд. Ҳамаи корҳои таъмирӣ, ба таври ҳатмӣ, то ба лаҳзае, ки ҳавопаймо барои рейс иҷозат дода мешавад, иҷро мегарданд. Таҷрибаи экипаж – яке аз ҷанбаҳои умда ба ҳисоб меравад, зеро сарнишинони ҳавопаймоҳои хусусӣ ба мисли сарнишинони ширкатҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ низ чаққон, зираку бофаросат ва бомаҳорат бояд бошанд. Дар аксари вақт сарнишинони авиатсияи хусусӣ аз тобоварии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ худро таъриф карда метавонанд, зеро онҳо ба сарбории дарозмуддат зимни парвоз ва истироҳати кӯтоҳ дучор намешаванд.Шумораи хурди мусофиронХатсайрҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ ба таври ҳаррӯза садҳо мусофиронро интиқол медиҳанд. Ҳар рейс ҷиҳати ногуворшавии устувории сохторавии авиатсия саҳми хешро мегузорад. Ғайр аз ин, ширкатҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ ҷиддан ба хотири даромад амал карда истода, дар аксари вақт доир ба масъалаҳои бехатарии киштиҳои хеш сарфа мекунанд, то ки фоидаи ниҳоиро ба даст оварда тавонанд. Бар хилофи ин, авиатсияи хусусӣ нисбат ба ҳавопаймоҳои рейсҳои мунтазамӣ миқдори хурдтари мусофиронро дорад. Албатта, парвоз тавассути ҳавопаймои хусусӣ як дараҷа гаронтар аст, аммо, ин амал дар шароити беҳтарини бехатарӣ парвоз карданро ба шумо имконият медиҳад.Технилогияҳои беҳтаркардашуда
Аз ҷиҳати техникӣ ҳавопаймоҳои нави хусусӣ нисбат ба ҳар киштии ҳавопаймоии рейсҳои мунтазамӣ зиёд бехатартар ба ҳисоб мераванд, зеро флоти авиатсияи хусусӣ технологияҳои навро хеле пеш аз мавриди истифодабарии оммавӣ қарор гирифтани онҳо дар авиатсияи гражданӣ татбик менамояд. Ҷетҳои нав – ин таҷрибаи ҷиддан нав ҳам барои мусофирон ва ҳам барои узви дастаи парвозкунанда маҳсуб меёбад. Ҳавопаймоҳои муосири хусусӣ дастовардҳои технологӣ ва эстетикаи беҳамтои интерерро бо худ пайваста мекунанд. Операторони хусусӣ ва истеҳсолкунандагон тенденсияҳои технологиро ҷорӣ намуда, ҳамин тариқ ба сарнишинони хеш сатҳии нави бароҳатӣ ва назораткуниро таъмин мекунанд. Дар ин ҷода хатсайрҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ хеле консервативӣ буда, навгуниҳои технологиро суст қабул менамоянд.Дар ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) медонанд, ки ҳар як мизоҷ хоҳиш дорад, ки на танҳо бо тарзи аз ҳама боҳашамат, балки, аз ҳама бехатар парвоз кунад. Аз ин сабаб намояндагони ширкат нисбати масъалаҳои бехатарӣ ҷиддӣ муносибат карда, фақат бо он интиқолдиҳандагон ҳамкорӣ доранд, ки дорои сертификатҳо ва литсензияҳои марбута мебошанд. Бо мутахассисони ширкати Cofrance SARL (TM AVIAV) тамос кунед, то ки дар бораи вуҷуддорӣ ва нархи рейси рағбатдоштаи шумо маълумот гиред.Шошина Олга