Back to Top



Харидани ҳавопаймои хусусӣ – ин имрӯз тарзи босамара баҳри бардоштани сатҳи нуфузи хеш ба ҳисоб меравад. Зеро, аз рӯи фаҳмиши аксарияти одамон, киштии ҳавопаймоии хусусиро фақат шахсони баргузида дошта метавонанд. Ба ғайр аз ин, ҷети тиҷоратии шахсӣ рафтуомадро байни шарикони тиҷоратӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон осон мегардонад.

Афзалиятҳои хариди ҷети тиҷоратӣ

Бизнес-джет – новый уровень престижаҲавопаймои шахсӣ – ин на танҳо ҳашамат, балки дар навбати аввал, – воситаи қулайи нақлиётӣ мебошад, ки соҳибаш онро дар ҳар вақти хоҳишнамудааш истифода бурда метавонад. Ва ҳол он, ки гуфтаҳои зерин аз ақл берун ба назар расад ҳам, роҳати мазкур барои шахсоне сатҳи баланди даромадро дошта низ дастрас мебошад. Зеро, ҳавопаймо нисбат ба, масъалан ҳар яке аз коргоҳҳои соҳибкорони бомуваффақият, хеле арзонтар мебошанд.Албатта, дар вуҷуди имрӯзаи ширкатҳои авиатсияи тиҷоратӣ киштии ҳар шавқу ҳавасро ба иҷора гирифтан мумкин. Лекин, аз чунин хизматрасонӣ истифода бурдан дар он ҳолат фоидаовар мегардад, ки талаботи парвозҳо на он қадар зиёд мебошад, яъне, гоҳ – гоҳ ба миён меояд. Хариди ҳавопаймо – ин тамоман сатҳи дигари обрӯю эътибор, статуснокӣ ва нуфуз, инчунин имконияти олиҷаноб барои ба дараҷаи шахсони мӯътабари ҷаҳони муосир расидан аст. Афзалиятҳои асосии хариди ҳавопаймои шахсӣ инҳоянд:
  • мустақилии комил аз ширкатҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ, ҷадвалҳои парвоз ва ширкатҳое, ки ҷетҳои тиҷоратиро ба иҷора месупоранд;
  • сарфакунӣ аз ҳисоби ба иҷора нагирифтани ҳавопаймо дар вуҷуди зарурияти парвозҳои зудоӣ (300 соат дар як сол ва зиёда аз ин), ҳатто, бо дарназардошти хароҷотҳо барои хизматрасонӣ ба киштии ҳавопаймоӣ ва музди маоши экипаж;
  • маҳфиятдории комил, минҷумла, нисбати бори интиқолшаванда ва, ҳамчунин, бехатарии шахсӣ, ки онро бо хоҳиши худ ташкил кардан мумкин;
  • имконияти тағӣир додани дохили канор аз рӯи шавқу рағбати хеш, дизайн, лавозимоту таҷҳизотонии шахсӣ;
  • ҳуқуқи интихоб кардани сарнишинон, стюардесса, ошпаз ва ҳайати хизматкунанда.
Шахсони мӯътабартарину давлатмандтарин харидани ҳавопаймои хусусиро чун бозичаи гароне, ки барои мақсадҳои ҳам корӣ ва ҳам шахсӣ истифода бурдан мумкин, ба худ раво мебинанд. Ба соҳибкорону роҳбарони ширкатҳои калоне, ки одатан маблағи хешро ҳисобу китоб мекунанд, фақат дар он ҳолате, ки барои иҷроиши ҳамаи корҳои ба нақша гирифташуда аллакай вақт намерасад ва ҷадвали кории хешро бо рейсҳои ҳавопаймоии мунтазамӣ мутобиқат кардан мушкил ё вақтро барои фармоиш додани чартер сарф намудан душвор мегардад, харидани ҷети тиҷоратиро фикру ақида кардан лозим.

Харидани ҷети тиҷоратӣ дар Нитса бо ширкати «Кофранс»

Бизнес-джет – новый уровень престижаХаридани ҳавопаймои хусусӣ бархилофи фикру ақидаҳои аксаран соҳибкороне, ки амали мазкурро орзу доранд, вале чунин қадами ҷиддиро ҷуръат намекунанд, зеро шумораи зиёди расмиятҳои ҳуқуқиро талаб менамояд, воқеъан на он қадар душвор аст. Албатта, худи ҷараёни зикршуда басанда меҳнатталабу дуру дароз мебошад, аммо, бо кӯмаки коршиносони таҷрибадор аз харидор танҳо иштироки ночиз зарур мегардаду халос. Харидани ҳавопаймо ё чархболро ширкати номдори ҳуқуқӣ аз Нитса Cofrance SARL кӯмак мерасонад, зеро ин ширкат ба шаҳрвандони Россия ва кишварҳои ИДМ дар Фаронса номгӯи васеъи хизматрасониҳои ҳуқуқиро мерасонад.Зимни харидани киштии ҳавопаймоӣ мутахассисони таҷрибадори Cofrance на танҳо варианте ба талаботҳою хоҳишҳои фармоишгар аз ҳама муносиббударо интихоб мекунанд, балки масъалаҳои ҳуқуқиро зимни тартиб додани соҳибмулкии ҳавопаймо ва бақайдгирии он бар зиммаи худ вогузор мекунанд. Ғайр аз ин, ширкат зеринро ташкил менамояд:
  • парвоз ба Фаронса барои шинос шудан бо навъҳои ҷетҳое ба фурӯш баровардашуда;
  • дар вуҷуди зарурият, тартиб додани раводид барои парвози мазкур;
  • трансфер то ба отел аз фурудгоҳ ва брон кардани утоқҳои боҳашамат;
  • мушоиати пурраи созиши хариду фурӯш;
  • интихоби экипажи таҷрибадор барои бурда расонидани ҳавопаймои харидашуда;
  • пайдо кардани ангор ва таъмини хизматрасонии техникӣ дар ҷои будубоши доимӣ.
Ба харидор шароитҳои аз ҳама бароҳати сатҳи VIP дар терминали шахсӣ дар Россия, дар канори ҷет ва дар Фаронса фароҳам оварда мешаванд. Ҳайати мушоиаткунанда ва экипажи меҳмоннавозу хушмуомила, хӯроки олиҷаноб аз тарабхонаҳои беҳтарин ва вақтхушикуниҳои гуногун шуморо интизоранд. Ба хотири он, ки мутахассисони ширкат чунин ҳавопайморо интихоб карда метавонистанд, ки ба талаботҳои фармоишгар ҷавобгӯ бошад, шуморо зарур аст, ки на танҳо афзалиятҳои хеш, балки маълумотҳои зеринро пешкаш намоед:
  • дараҷаи киштии ҳавопаймоӣ;
  • мақсадҳои пешбинишудаи истифодабарии он;
  • шумораи ниҳоии мусофирон;
  • дарознокии лозимии парвоз.
Афзалиятҳои муроҷиат ба ширкати «Кофранс» – аз муносибати индивидуалӣ, шаффофияти комили созиш дар ҳар марҳалаи он ва иштироки мутахассисони бомалакаи ихтисосашон гуногун, ҳам барои санҷиши техникии ҳолати ҷети тиҷоратӣ ва ҳам барои мушоиати ҳуқуқии амалиёти харид, ифода меёбад.