Back to Top



Оё зимни идора кардани тиҷорат ҷадвали хеле пурраи кориро тариқи гузаронидани мулоқотҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳо ва кишварҳои гуногун муддати як рӯз боз ҳам зичтар кардан мумкин ё не? Бале, мумкин, агар дар ихтиёри хеш ҳавопаймои авиатсияи тиҷоратиро дошта бошед. Ширкати Cofrance ба соҳибкорони калон ҷиҳати ба иҷора гирифтан ё харидани ҷетҳо – ҳавопаймоҳои махсусгардонидашудаи дараҷаи муаррификунанда кӯмак мерасонад. Фармоишҳо барои хизматрасонии мазкур аз шаҳрвандони русзабон дар Фаронса ё аз ҳар кишвари ҷаҳон қабул карда мешаванд.

Афзалиятҳои авиатсияи тиҷоратӣ

Бизнес-авиацияҶиҳати асосии хуби ҷетҳои тиҷоратӣ – ин хизматрасонии эксклюзивӣ дар болои замин ва дар осмон маҳсуб меёбад:
  • киштӣ бо экипажи баландихтисос ва ҳайати таълимгирифтаю машқдида барои истифодабарии шахсӣ супорида мешавад;
  • ҷадвалҳои шахсии парвозҳо ва хатсайрҳо тартиб дода мешаванд;
  • парвозҳо аз ҷадвали мунтазами фурудгоҳҳо мутеъ намебошанд;
  • шоҳроҳҳои рост ва мӯҳлатҳои кӯтоҳи интизоршавӣ вақти парвозҳоро коҳиш медиҳанд;
  • нишемани ҳавопаймоҳо барои парвози бароҳат ва кори пурарзиш дар канор таҷҳизотонида шудаанд;
  • таомро худи мизоҷ интихоб менамояд.

Иҷора ё хариди ҷет: кадомаш фоидаовартар аст?

Бизнес-авиацияҚобилияти «Кофранс» ба мизоҷон имконият медиҳад, ки ҳавопаймоҳои авиатсияи тиҷоратиро бо ғунҷоиши аз 4-6 то ба 10-16 нафар бо назардошти дурӣ ва мақсади парвозҳо фармоиш диҳанд. Барои парвозҳои байниконтиненталӣ ба иҷора гирифтани киштиҳои дарозмагистралӣ амали боандешатар дониста мешавад. Дар сурати парвозҳои бисёршумораи тиҷоратӣ дар ҳудуди сарҳади Аврупо киштии ҳавоии хусусии дараҷаи ВИП хубтар мебошад.Нархи хариди ҳавопаймо бо назардошти соли барориш, таърихи парвозкунӣ, сатҳи бароҳатӣ, ғунҷоиш ва ҳ. ташаккул меёбад. Хароҷотҳо барои нигоҳдории он аз андозҳо, хизматрасонии техникӣ, музди маоши экипаж ва ҳайати корӣ, иҷораи ангор иборат мебошад. Хариди ҳавопаймои хусусӣ иштироки мутахассисони ихтисосашон гуногунро – барои интихоб кардани навъ, додани баҳо нисбати ҳолати он, ҳисоб намудани хароҷотҳо барои нигоҳдорӣ ва ҳ. талаб мекунад.

Панҷ сабаби муроҷиаткунӣ ба «Кофранс»

Cofrance чун брокери мустақил дар соҳаи авиатсияи тиҷоратӣ барои иҷроиши фармоишҳои мизоҷони давлатманд нисбати ба иҷора гирифтан ва харидани ҷетҳо захираҳои босамараеро дорад. 
  1. Аъзогӣ дар Ассотсиатсияи авиатсияи тиҷоратӣ (EBAA) ҷиҳати дастрасӣ ба парки ҳавопаймоҳои хусусӣ дар тамоми ҷаҳон (зиёда аз 5000 мошинаҳо) ба ширкат ҳуқуқ медиҳад.Бизнес-авиация
  2. Ҳайати ҳуқуқшиносон ва иқтисодчиён самаранокии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқии созишҳоро таъмин менамояд.
  3. Мутахассисони русзабон монеаҳои забониро бартараф мегардонанд.
  4. Ба хизматрасонии маҷмӯъӣ инҳо медароянд:
  • ҷустуҷӯи коршиносон барои интихоб кардани ҳавопаймо;
  • омода кардани бастаи ҳуҷҷатҳо;
  • мушоиаткунии ҳар як давраи созиш.
  1. Хизматрасониҳои иловагии VIP: ташкили парвози мизоҷ барои муоинаи киштии интихобшуда, фармоиш додани отел, иҷораи автомобил, тартиб додани раводид ва ҳ.
Барои шумо ҳавопаймои авиатсияи тиҷоратии хусусӣ лозим аст? Пас, дар сомонаи «Кофранс» дархостро гузоред. Дар сурати ба вуҷуд омадани душвориҳо дар ҷустуҷӯи мустақилонаи киштӣ ба мо занг занед. Мо пайдо кардани шакли оптималии ҷетро барои вақти зарурӣ дар самти зарурӣ кӯмак хоҳем расонд.