Чархбол – ин тарзи беҳтарини сафар аз Нитса ба Монако ва баргашта маҳсуб меёбад. Парвоз ҳамагӣ 10-15 дақиқа тӯл мекашад, аммо хурсандӣ аз ин саёҳат рӯзи дароз боқӣ мемонад. Албатта, тариқи автомобил низ ҳаракат кардан мумкин, аммо, шумо бешубҳа иқрор мешавед, ки сайру гашти ҳавоӣ нисбат ба сафари рӯизаминӣ хеле шавқовартар, таъсирбахштар ва, асосаш – тезтар мебошад.Агар хатсайри шумо «Нитса-Монако» бошад, чархболи аз ҳама хурдтарин муносиб мешавад, хуб аст, ки – дур парвоз кардан тамоман лозим нест. Вале, агар шумо дар ҳайати калон саёҳат кунед, пас, албатта, «таксии ҳавоии» аз ин калонтар зарур мешавад. Ба ширкати «Кофранс» муроҷиат кунед ва мо ҷиҳати ба иҷора гирифтани киштии ҳавопаймоии зарурӣ муддати дақиқаҳои башумор ба шумо кӯмак мерасонем. Аксарият офисҳои мо дар Фаронса мавқеъ гирифтаанд, аз ин лиҳоз ба ҳеҷ куҷо рафтан лозим нест. Як занг тариқи телефон – ва ғуввоси хурсандонаи чархболе, ки ба хотири шумо парвоз карда омадааст, аллакай ба гӯшатон мерасад!

Парвози кӯтоҳ, вале фаромӯшнопазир

Вертолет Ницца-МонакоСаёҳат тавассути чархбол сарфаи вақтро мусоидат мекунад, аммо, асосаш – ин амал бо зебогӣ ва эстетикаи худи парвоз хос мебошад. Вақте, ки манзараҳои бошукӯҳи Соҳили Лоҷвардӣ дар пеши чашми шумо ба вуҷуд меоянд, вақте, ки шумо аз болои Баҳри миёназаминӣ, теппаҳо ва биноҳо парвоз карда, аз тамошои ҳамаи ин мӯъҷизаҳое, ки аз нурҳои офтоб дар баландӣ ҷило медиҳанд, ҳузуру ҳаловат мебаред, бешубҳа, хушнудиатон бемаҳдуд хоҳад гашт. Эҳтимолан, акнун шумо умуман ба ҳаёт аз нуқтаи назари дигар менигаред, вале, новобаста аз ин, расмҳои афсонавӣ дар аксгираки шумо аниқ пайдо мешаванд!Чархбол бидуни андармонӣ, дар ҳар вақти рӯзу шаб парвоз мекунад. Хушбахтона, дар осмон тиққаҳо мушоҳида намешаванд, бинобар ин шумо кафолатан ба ҳар чорабинии зарурӣ саривақт, ҳатто, ягон дақиқа ҳам дер намонда ва намуди боҳашамату хушҳолии хешро гум накарда, ҳозир шуда метавонед. Лекин, вақте, ки дигарон лаззати ҳаётро чашида, аз он ҳузуру ҳаловат мебаранд, дар тиққаҳо андармон шудан, албатта, аламовар аст, аз ин лиҳоз, агар сафари шумо хусусияти вақтхушикуниро надошта бошад, пас чархбол – нақлиёти беҳтарин ба ҳисоб меравад!Фармоиши чархбол дар самти «Нитса – Монако» ё барои ҳар хатсайри дигар – хеле осон ва дастрас мебошад. Ба ширкати «Кофранс» занг занед ва менеҷер ба тезӣ ҳамаи тафсилотҳоро бо шумо мувофиқат мекунад. Асосаш – фавран тайёр шудан лозим, зеро дар як мижа заданатон ба шумо аллакай занг мезананд ва хабар медиҳанд, ки «таксии ҳавоӣ» шуморо интизор аст!